ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Беш аз 50 парвоз аз се фурудгоҳи бузурги Маскав "Внуково", "Домодедово" ва "Шереметево" ба таъхир андохта шудаанд ва ё лағв гардидаанд, бармеояд аз додаҳои "Яндекс. Ҷадвал".
Дар феҳрасти парвозҳои таъхирафтода аз ҷумла қабулу парвозҳои самти Тоҷикистон низ ҷой доранд.
Аз ҷумла парвозҳо миёни Маскав ва Кӯлоб ба таъхир афтодааст, бармеояд аз ҷадвали парвозҳои фурудгоҳи Домодедово. Зикр шудаст, ки парвози U6-8969 ва U6-2969, ки мутаносибан соати 04:10 ва 07:10 бо вақти Маскав пешбинӣ шуда буд, 22 соат ба таъхир андохта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Маскав то 5 дараҷа сардӣ пешгӯӣ шуда, шаби гузашта барфрезӣ сурат гирифт. Ҳавошиносон барфрезии шаби гузаштаро ғайримуқаррарӣ арзёбӣ карда, бештари хоси нимаи зимистон арзёбӣ мекунанд.
Хадамоти шаҳрдорӣ ва роҳрӯбӣ дар пойтахти Русия ба реҷаи сангин фаъолият доранд, то ҳаракати роҳати худраву мусофиронро дар роҳҳо таъмин намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки аз масирҳои ҳавоӣ Тоҷикистон аз ҳама зиёд бо Русия парвозҳои мустақими мунтазам дорад. Ин парвозҳо ба шаҳрҳои гуногуни Русия аз Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд сурат мегиранд.
Теъдоди муҳоҷирони корие, ки барои беҳбуди зиндагӣ ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия бармегарданду баъдан ба Ватан бармегарданд, садҳо ҳазор нафар аз ҳарду тараф арзёбӣ мешавад.