ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Беларус раванди пайвастан ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро суръат мебахшад, изҳор дошт сарвазири кишвар, Роман Головченко.
Ӯ зимни муаррифии вазири нави хориҷаи Беларус Сергей Алейник ба ҳайати ин вазорат аз зарурати фаъолсозии ҳадди аксар барои суръат бахшидани ҳамгироӣ бо СҲШ гуфт.
Головченко даъват кард, ки ҳамгироӣ бо Русия ва иттиҳодҳо ба мисли ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва СҲШ дар маркази таваҷҷуҳи махсус бошанд.
"Раванди пайвастан ба он созмонҳоеро, ки дар робита ба онҳо аллакай тасмим гирифта шудааст, ба ҳадди аксар фаъол созед. Ман пеш аз ҳама СҲШ-ро дар назар дорам", - гуфт сарвазир.
Вай ҳамчунин зарур шумурд, теъдоди воҳидҳои вазорати хориҷаи Беларус, ки бо Ғарби дастаҷамъӣ сарукор доранд, бояд кам карда шуда, дар ҳоле ки сафоратхонаҳо дар кишварҳои ИДМ ва Чин бояд тақвият дода шаванд.
Қаблан президенти Белорус, Александр Лукашенко изҳор дошт, ки интизор меравад, кишвараш соли 2023 дар Ҳиндустон ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай пазируфташавад.
Санад дар мавриди оғози пайвастшавии Белорус ба СҲШ зимни ҷаласаи роҳбарони кишварҳои узви ин созмон дар Самарқанд имзо шуд.
Дар баробари ин дар Ӯзбекистон ёддошти тафоҳум барои узвияти комили Эрон дар ин созмон имзо гардид. Инчунин Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия эълон намуд, ки азм дорад, ба СҲШ бипайвандад.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.