ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Станислав Зас дар бораи натоиҷи соли 2022 нишасти хабарӣ баргузор мекунад.
Чорабинӣ рӯзи 19 декабр дар шакли телеконфронс баргузор мешавад.
Бар иловаи гузориш дар бораи фаъолияти СПАД, дабири кулл дар бораи натоиҷи иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки рӯзи 23 ноябр дар Ереван баргузор шуд, гузориш медиҳад.
Ҳамчунин дар ин нишаст сухан дар бораи вазъи низомию сиёсӣ дар бахши масъулияти созмон ва вазифаҳо ва афзалиятҳои асосии он барои соли 2023 хоҳад рафт.
Гуфта мешавад, ки таваҷҷуҳи хоса ба иқдомоти сиёсӣ ва беҳбуди иқтидори низомии СПАД дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар нишасти Ереван Станислав Зас аз таҳкими ҷузъи низомии ин иттиҳодия суханронӣ карда буд.
Тавре котиби генералӣ қайд кард, сабаби ин дар шароити кунунии вазъи низомию сиёсӣ: низоъ дар Украина ва иштироки кишварҳои Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ дар он мебошад.
СПАД соли 1992 таъсис ёфта, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви он ҳастанд.