ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Маркази заминларзаи субҳи имрӯз дар Тоҷикистон дар 14-километрии ҷануби Душанбе дар минтақаи Рӯдакӣ воқеъ будааст.
Дар ин бора Пажӯҳишгоҳи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод.
Онҳо таъйид карданд, ки рӯзи 13 декабр соати 06:50 ба вақти маҳаллӣ дар кишвар заминларза сабт шудааст.
"Қувваи зилзила дар пойтахти Тоҷикистон 3 баллро ташкил дод", - гуфт манбаъ.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар кишвар талафот ва харобиҳо сабт нашудааст.
Аммо Кумитаи ҳолатҳои фавцулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон то ҳол паёмадҳои эҳтимолии ин ҳодисаро мушаххас накардааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Маркази мониторинги сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон, зилзила дар як вақт дар Афғонистон – бо қувваи 4 балл ва маркази зилзила дар умқи 15 км ва баъд аз як соат рух додааст. Як соат пас низ ҷунбиш бо ҳамин иқтидор рух додааст.