Заминҷунбӣ дар Афғонистон Тоҷикистонро низ ларзонд

Дар Тоҷикистон заминларзаи шадид рух дод, ки акси ларзишҳои зеризаминӣ дар қаламрави кишвари ҳамсоя буда, паёмадҳои он то ҳол эълон нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Субҳи барвақт дар Тоҷикистон заминларза рух дод.
Дар Душанбе ҷунбиши замин соати 06:52 оғоз шуда, тақрибан як дақиқа идома ёфт.
Тибқи иттилои Маркази мониторинги сейсмикии Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон, ин зилзила марказаш Афғонистон буда, бо қувваи 4 дараҷа ва дар умқи 15 километр рух додааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи зилзилашиносон, пас аз як соат боз як заминларза рух дод, ки он аллакай соати 07:05 ба вақти маҳаллӣ (бо Душанбе рост меояд) буд.
Заминларза дар Тоҷикистон
Душанберо заминларза такон дод
Дар ҳамин ҳол, қувваи заминларза тақрибан якхела, яъне 3,9 баллро ташкил медод, аммо дар айни замон маркази заминларза дар умқи 209 километр воқеъ будааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон то ҳол паёмадҳои эҳтимолиро мушаххас накардааст.
Ёдовар мешавем, ки ҷумҳурӣ дар қатори кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба рӯйхати минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол шомил шудааст.