Ҳуҷҷатҳои шакли электронӣ мегиранд: Тағйирот дар Бойгонии давлатии вилояти Хатлон

Мақомоти Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб эълон карданд, ки ҳуҷҷатҳои нигаҳдоришуда ба шакли электронӣ гузаронида мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Дар Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷатҳоро ба шакли электронӣ гузаронида истодаанд, иттилоъ додааст ИМИТ “Ховар”.
Дар шаҳри Кӯлоб дар баробари бойгонии шаҳр Бойгонии давлатии вилояти Хатлон фаъолият мекунад, ки дар он ҳуҷҷату санадҳои ташкилоту идора ва қарору дигар аснод нигоҳдорӣ карда мешаванд.
Тибқи иттилои манбаъ, имсол кормандони Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб тавонистанд аз корхонаю ташкилот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ миқдори зиёди ҳуҷҷатҳоро ба бойгонӣ ворид намоянд. Дар баробари ин ба шаҳрвандон вобаста ба муроҷиаташон нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ дастрас карда мешавад.
Сабукӣ ба муҳоҷирон: Ҳуҷҷатҳоро дар Душанбе супору патентро дар Маскав гир
Директори бойгонӣ Сафар Нурализода иттилоъ дод, ки "нигоҳдории ҳуҷҷатҳо талаботи худро дорад ва дар ин бино барои нигоҳдории онҳо шароити хуб фароҳам мебошад.
“Қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор қатъиян риоя гардида, таҷҳизоти махсуси ҳимоявии равшанидиҳанда, гӯшаҳои бехатарӣ аз сӯхтор бо тамоми таҷҳизот ва хатти муосири огоҳидиҳанда васл гардидаанд. Дар ҳамаи шуъбаҳо ҳуҷҷатҳо аз рӯи талабот ҷо ба ҷо ва тамғагузорӣ шудаанд то ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон сари вақт дастрас ва пешниҳоди муроҷиаткунандагон гарданд”, - гуфт ӯ.
Сафар Нурализода шикоят кардааст, ки мутаассифона, то ҳол баъзе идораву ташкилот ва ҷамоатҳои деҳоту бойгониҳои ноҳияҳо ҳуҷҷатҳоро ба Бойгонии давлатии вилояти Хатлон насупоридаанд.