ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон зиёда аз 2,5 млн сар чорвои калон ва зиёда аз 6 млн сар чорвои майда мавҷуд аст.
Дар ин бора мақомдори Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар суҳбат бо "Ховар" иттилоъ дода, афзуд, ки аз ин шумора 93% чорвои калон ва 83%-и моли майда ба бахши хусусӣ рост меояд.
Бо такя ба маълумоти оморӣ, тавзаҳ дода шудааст, ки ба ҳолати 1 ноябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ аз 2 млну 507 ҳазор сар чорвои калон, аз ҷумла 1 млну 301 ҳазор сараш модагов мебошад.
Инчунин иттилоъ дода шудааст, ки ба ҳолати моҳи охири тирамоҳ дар Тоҷикистон 6 млну 262 ҳазор сар гӯсфанду буз нигоҳдорӣ мешаванд. Теъдоди асп дар ҷумҳурӣ 85 ҳазор сар арзёбӣ мешавад.
Мақомдори кишоварзӣ мегӯяд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 102 ҳазор сар, аз ҷумла модагов 50 ҳазор сар, гӯсфанду буз 258 ҳазор сар, асп 1060 сар зиёд шудааст.
Дар таносуби минтақа оварда шудааст, ки саршумори чорвои калони шохдор дар хоҷагиҳои ВМКБ-беш аз 2%, дар Суғд 4%, дар Хатлон 2% ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 5% зиёд гардидаст.
Зикр шудаст, ки чорводорӣ аҳолиро бо гӯшту шир, равған ва саноатро бо ашёи хом, пӯст, пашм, пӯсти қароқулӣ, тибит ва ғайра таъмин мекунад.
Чорводорӣ дар Тоҷикистон аз нигоҳи истеҳсоли маҳсулот баъди растанипарварӣ дар ҷои дуюм истода, барои сокинони навоҳии куҳӣ манбаи асосии даромад маҳсуб меёбад.