"Раҳмат ба Жириновский": Бут узви ЛДПР шуд

Узви нави Ҳизби либерал - демократии Русия - ЛДПР, тоза аз маҳбаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар пайи табодули зиндониён ба Ватан баргардонда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Виктор Бут ба Ҳизби либерал-демократии Русия - ЛДПР шомил шуд, иттилоъ дод раиси ҳизб Леонид Слутский дар як нишасти ҳизб.
Бут дар ҳамоиши аъзои ЛДПР ба раиси ин ҳизб, Слутский ва бунёдгузори марҳуми он Владимир Жириновский барои кумакашон дар раҳоии ӯ аз зиндон дар Иёлоти Муттаҳида изҳори сипос кардааст.
Раиси ҲЛДР бо таъйиди он, ки Бут бо онҳо пайваст ваъдаи кумак ба ҳамаи дармондагон кард.
"Мо ҳар касеро, ки берун аз Ватан ба мушкил дучор шудааст, бармегардонем. Мо онҳоро нигоҳубин мекунем", - гуфт Слутский.
Вай ба Бут барои тасмимаш ташаккур гуфт ва шахсан ба ӯ билети ҳизбиро тақдим намуд.
Маврид ба зикр аст, ки соҳибкори рус Виктор Бут, зодаи Тоҷикистони шӯравӣ мебошад, ки тайи солҳои охир дар маҳбаси ИМА ҳукми худро адо мекард. Бут бо ҷурми қочоқи аслиҳа ба 25 соли зиндон маҳкум гардида буд.
"Расидам": аввалин видеои бозгашти ҳангомавии Виктор Бут ба Маскав
Ӯ дар натиҷаи табодули асирон миёни Русия ва Иёлоти Муттаҳида, пас аз 14 солу 10 моҳи ҳабс ба Ватан баргашт.
Бар иваз Русия шаҳрванди ИМА Бритни Гринерро раҳо кард, барои муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир дар ФР маҳкум шуда буд.