ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ин ҳамла ва инфиҷор дар ҳоле сурат гирифта аст, ки “Вонг Ю” сафири Чин дар Афғонистон аз амнияти сифорати кишвараш дар Кобул иброз нигаронӣ карда буд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар бораи ҷузъиёти ин инфиҷор иттилооте мунташир нашуда ва то кунун шахс ё гурӯҳе низ масъуляти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст.
Чанде пеш сифорати Покистон дар Кобул ва пеш аз он сифорати Русия дар ин шаҳри ҳадафи ҳамалоти террористӣ қарор гирифт.
Дар яку ним соли ахири Афғонистони шоҳиди ҳамалот ва инфиҷорҳои террористии мухталиф буда, ки масъуляти бештари ин ҳамалотро гурӯҳи террористии ДОИШ* бар уҳда гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки толибон борҳо таъкид карда буд гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвари саркуб шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сафири Чин дар Афғонистон дар дидор бо мақомоти толибон аз онҳо дархости таъмини бештари амнияти сафоратхонаҳо шуда буд.
* - Созмони мамнуъ дар қаламрави Русия