Болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон

Ҳафтаи ҷадид дар бозори нақди Тоҷикистон бо болоравии арзиши қурби рубли Русия оғоз гардид, ки чанд рӯзи қабл майли поёнравӣ дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби 1 ҳазор рубли Русияро дар оғози ҳафтаи ҷадид дар бозори нақди кишвар 160 сомонӣ муқаррар кардааст, ки нисбати нишондоди охири ҳафтаи гузашта болотар мебошад.
Тибқи нишондоди БМТ, арзиши 1 ҳазор русӣ дар бозори арзи кишвар охири ҳафтаи гузашта дар ҳадди 159,5 сомонӣ ва дар нимаи ҳафта дар сатҳи 158,5 сомонӣ қарор дошт.
Дар зимн қурби асъори хориҷии дигар, аз ҷумла евро ва доллар низ дар Тоҷикистон каме боло рафтаанд. Ба иттилои БМТ феълан арзиши 1 доллари ИМА ба 0.2072 сомонӣ ва 1 евро ба 10.7635 сомонӣ баробар шудаст.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин арзиши миёнаи харидуфурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии ҷумҳуриро ироа намудаст.
Иқтисоди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои АвруОсиё: дурнамои рушд барои соли 2023
Аз ҷумла арзиши харидуфурӯши 1 ҳазор рубли Русия дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон аз 160 сомонӣ то 162.5 сомонӣ арзёбӣ шудааст.
Ин нишондод барои як доллари амрикоӣ аз 10.2072 то 10.1500 сомонӣ ва 1 евро аз 10.7635 то 10.7000 сомонӣ арзёбӣ гардидааст.
Дар ҳамин ҳол БМТ таъкид намудаст, ки мубодилаи асъор берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мамнуъ мебошад.
Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки риоя накардани талаботи мазкур нақзи қонунгузории кишвар буда, ҷазои маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.