Баргузории намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Тоҷикистон

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст, ки дар кишвар намоишгоҳи даҳуми байналмилалӣ “Китоби Душанбе” баргузор мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Аз 14 то 16 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мегардад, иттилоъ додааст маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.
Тибқи иттилои манбаъ, намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон доир гардида, дар он ноширони муваффақи ватаниву хориҷӣ китобҳои тозанашри хешро пешниҳоди дӯстдорону муштоқон ва аҳли фарҳангу маънӣ мегардонанд.
Ҳамзамон хабар дода шудааст, ки дар ин намоишгоҳ намояндагони сафоратҳои муқими Тоҷикистон китобҳои нависандагону шоирони хешро пешниҳод менамоянд.
Дар Тоҷикистон китобхонаи электронӣ барои 100 ҳазор китоб боз шуд
Бо мусоидат ва дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб ҳамасола баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Солҳои гузашта намоишгоҳи мазкур бахшида ба Рӯзи китоб, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 4 сентябр баргузор мешавад, доир мешуд.