Ҳавои рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?

Ҳарорат дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 3 дараҷа, дар Суғд то 1 дараҷа, дар Хатлон то 9 дараҷа ва Душанбею навоҳии атроф то 8 дараҷа гарм мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон абрнок ва асосан бебориш дар назар аст, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ, боришоти густурда дар назар нест. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 23-28 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро ҳавои қисман абрноки асосан бебориш фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Душанбеи сафедпӯш: Барфи аввал дар пойтахти Тоҷикистон - акс
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона то 0+5 дараҷа гармӣ мерасад.
Ҳавои бебориш шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ интизор буда, ҳарорат дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Душанберо ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, тормеғ мефарояд. Ҳарорат шабона 0-2 дараҷа хунук, рӯзона 6+8 дараҷа гарм дар назар аст.