Бебориш ва андак сард: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Ҳаво дар ВМКБ 5 дараҷа, дар Суғд 3 , дар Хатлон 9 дараҷа ва дар Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он то 8-7 дараҷа гарм хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои абрнок ва бебориш дар назар аст, хабар медиҳад Оҷонсии обуҳавошиносӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ танҳо шабона дар ноҳияҳои алоҳида барфи суст меборад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона15-20, дар баъзе минтақаҳо то 20-25 ва рӯзона 7-12 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гармхоҳад шуд.
Маълум шуд, ки ҳавои моҳи декабр дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад
Дар вилояти Хатлон низ танҳо шабона дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши сусти барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ шабона барфи суст меборад. Дамои ҳаво рӯзона 3-8 дараҷа гамр, вале шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар Душанбе фаромадани тормеғ дар назар аст. Рӯзона ҳаво 5-7 ва шабона то 0-2 дараҷа гарм мешавад.