ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Сарони вузарои дифои кишварҳои узви СҲШ ва ИДМ дар пайи нишасти рӯзи ҷумъа дар Маскав таҳти раёсати вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу, як баёнияи муштаракеро ба имзо расониданд.
"Дар натиҷаи мулоқот баёнияи муштарак қабул шуд. Дар он иқдомҳои муштарак барои ҳалли мушкилоти умумии амниятӣ инъикос ёфтааст", - гуфт Сергей Шойгу.
Вай таъкид кард, ки иштирокдорони ин ҷаласа дар мавриди масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва ҳифзи суботи минтақавӣ ва ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи низомӣ табодули афкор намуданд.
Зимни вохӯрӣ генерал-полковник Вей Фэнхэ, вазири дифои Чин ба таври маҷозӣ дар назди ҳайатҳои низомии кишварҳои СҲШ ва ИДМ суханронӣ кард.
Вай назари худро дар бораи вазъи кунунии амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ баён кард.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазорати дифои Беларус хабар дод, ки дар Маскав нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.
“Тибқи рӯзномаи мулоқот вазирон дар бораи масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор хоҳанд кард”, - гуфт манбаъ.
Мавзӯи дуюми асосии ин дидор баррасии имкониятҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа мебошад.
Ҳамзамон вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ ва СҲШ дар ин ҷаласа масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро муҳокима карданд.