ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Вазорати дифои Беларус хабар дод, ки дар Маскав нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.
Манбаъ тавзеҳ додааст, ки 9 декабри соли равон музокироти вазирон баргузор мешавад.
“Тибқи рӯзномаи мулоқот вазирон дар бораи масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор хоҳанд кард”, - гуфт манбаъ.
Мавзӯи дуюми асосии ин дидор баррасии имкониятҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа мебошад.
Вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ ва СҲШ масъалахои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро муҳокима мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар маросими анҷоми машқҳои СПАД, ки дар тамрингоҳи ҷанубии кишвар баргузор шуд, вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо суханронӣ кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҳодисаҳо дар марзҳои ҷанубии кишвар таҳдиди ҷидди дорад ва барои амнияти тамоми кишварҳои ҳамсоя хатари воқеӣ дорад.
Ин ба афзоиши муноқиша, чолишҳо ва таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ ва тунгароии динӣ вобаста аст.