ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар Краснодар табибон ба таври мӯъҷизавӣ як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистонро наҷот доданд.
Маълум шуд, ки ин ҷавон узвҳои номуназзам ыойгиршуда дорад ва вақте вориди беморхонаи ёрии таъҷилии вилоятӣ шуд, табибон дарҳол нафаҳмиданд, ки чӣ дард дорад.
Мард бо дарди шадиди шикам омад ва ҳама нишонаҳо аз илтиҳоби аппендитсид шаҳодат медоданд. Аммо дар айни замон, ҷавон фаҳмонид, ки дард на дар он ҷое, ки маъмуланд аппендитсид рӯй медиҳад, мавҷуд аст.
Баъди ташхиси УЗИ ҳамааш фаҳмо гардид. Маълум шуд, ки ӯ дар ҳақиқат илтиҳоби аппендикс дошт, аммо бо як нозукӣ. Ҷарроҳи беморхонаи вилоятӣ Артем Сироватка гуфт, ки ҷобаҷоии узвҳои дохилии бемор комилан дигару ғайримуқаррарист.
Ҳолати хеле камёби аномалияи биологӣ, вақте ки тамоми узвҳо дар тарафи дигар ҷойгиранд. Дар ин бора худи ҷавон ҳам хабар надошт.
"Беморро таъҷилӣ дар беморхона бистарӣ карданд ва ҷарроҳӣ карданд. Аммо барои мо, табибон, ин то ҳадде ғайриоддӣ буд: он чизеро, ки шумо одатан ҳангоми ҷарроҳӣ бо дасти рост мекунед, бояд бо дасти чапатон анҷом диҳед", - нақл кард табиби муолиҷакунанда.
Бо вуҷуди печида будани амалиёти хориҷ кардани аппендикс ба таври маъмулӣ анҷом шуд, ҳоло ҷавони тоҷик худро хуб ҳис мекунад ва аллакай аз бемористон мураххас шудааст.
Сироватка қайд кард, ки ӯ танҳо дар вақти таҳсил дар донишгоҳ дар бораи ин гуна ҳодисаҳои камёб мутолиа мекард, аммо дар амалияаш ин гуна таҷриба аввалин аст.