ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Корхонаи ресандагии “Арвис Зелал Текстайл” - и ноҳияи Мастчоҳ пас аз васлу насби таҷҳизот ва таҷдиду навсозии хатҳои технологӣ ба фаъолият омода гардида, ба қабули коргарон оғоз намудааст. Иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, “Арвис Зелал Текстайл” бо ташаббуси соҳибкорони тоҷику турк ба кор андохта шуда, дар корхона коркарди нахи пахта ба роҳ монда шудааст.
Ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур боздид намуд. Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки барои қабули коргарон озмун эълон гардида, занону бонувон ва мутахассисони ҷавон ба кор ҷалб гардида истодаанд.
Таъкид шудааст, ки соҳибкорони тоҷику турк ният доранд, ки дар оянда маҳсулоти тайёр низ истеҳсол намуда, ба бозор пешниҳод созанд.
Дар фабрикаи ресандагӣ мутахассисони ҷавон ба кор қабул карда шуда, аз ҳисоби корхона аз омӯзиш низ мегузаранд. Дар назар аст, ки баробари ба фаъолият оғоз кардан дар марҳилаи аввал 300 нафар бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин шаванд.
Раиси вилоят барои ҷалби коргарон ба корхона ва таъмин намудани сокинон бо ҷойи кор ба масъулин супоришҳо доду, изҳор дошт, ки барои коркарди бештари нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бо истифода аз таҷрибаи соҳибкорони турк аз имконияти мавҷуда самаранок истифода баранд.