ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Муовини сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Ашт, ки дар пахтакорӣ рекорд гузошт, ошно шуд, хабар медиҳад, хадамоти матбуотии раиси ноҳия.
Муовини сарвазир кишоварзони ин ноҳияро барои барзиёд иҷро намудани дурнамои ҷамъоварии пахта табрик кардааст.
Ӯ гуфтааст, ки дар замони Шӯравӣ агар ҳосилнокии баланд аз ҳар гектар майдони пахта 17-18 сентнерро ташкил медод, мардуми ноҳия ин нишондиҳандаро то 29,1 сентнер боло бурдаанд.
"Ин гуна ҳосилнокии баланд дар ягон шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ то имрӯз ба қайд гирифта нашудааст", - омадааст дар хабарнома.
Ин дар ҳолест, ки нақшаи кишти такрории зироатҳо дар Тоҷикистон, ки барои соли равон наздики 96 ҳазор гектарро ташкил медод, беш аз 2 баробар барзиёд иҷро гардидаст.
Ба ҳолати аввали моҳи декабр кишти такрории зироатҳо дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон наздики 198 ҳазор гектарро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати кишоварзӣ ҳамчунин аз рафти шудгор, кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ дар Тоҷикистон гузориш дода, афзуд, ки тибқи дурнамо бояд дар майдони 605 ҳазор гектар шудгор гузаронида шавад.