Рӯзи паёми солонаи президенти Тоҷикистон маълум шуд

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон қарор барои даъвати ҷаласаи аъзои ҳарду палатаи парлумони ҷумҳуриро ба имзо расондааст, то паёми президентро шунаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намоян­да­гони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум 23 декабри соли равон даъват карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ хабар дода, афзудааст, ки қарори даъвати ҷаласаи якҷояро раиси палатаи болоӣ, Рустами Эмомалӣ 7 декабр имзо намуд.
Шӯрои Маҷлиси миллӣ хабар додааст, ки дар ҷаласаи мазкур ироаи паёми президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки паёми президент ба парлумон ҳамасола дар ҳузури вакилон, роҳбарони мақомоти иҷроия ва додгоҳӣ, намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ироа мегардад.
Талаботи асосӣ аз вазиру вакили оянда: Раҳмон гуфт, киҳо вазифа хоҳанд гирифт
Дар бисёре аз муассисаҳои давлатӣ тамошои дастаҷамъонаи паёми президент ташкил карда мешавад.
Соли гузашта паёми Раҳмон ба парлумон 21-уми декабр ироа шуда буд, ки дар он президент аз болоравии маош, сабукиҳо барои бархе аз бахшҳои иқтисод хабар дода, вазифаҳо барои соли ҷадидро гузошт.
Дар баробари ин дар паёми гузашта президент аз камбудиҳо дар бахши маорифу тандурустӣ интиқод намуд, ки бо сифати бади таълим ба худфиребкуниҳо роҳ дода мешаваду тандурустӣ дар сатҳест, ки имкондорҳо барои табобат ба хориҷа мераванд.
Махсусан хизматчиёни давлатӣ ва аъзоёни ҳукумат, сараш дард кунад медавад хориҷа, гуфт Раҳмон ва афзуд, ки ба табибони худ эътиқод надорем.