ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Сухангӯи расмии вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова, ахиран зимни маҳкум кардани ҳамла ба сифорати Покистон дар Кобул изҳор кард, ки ин ҳодиса монанди ҳамлаи интиҳории моҳи сентябри алайҳи сифорати Русия аст.
Вай гуфт, ин нишондиҳандаи ниёзи Афғонистон ба талошҳои бештар барои муқобила бо таҳдидоти террористӣ ва эҷоди сатҳи амниятии бештар барои намояндагиҳои диплумотии фаъол дар ин кишвар аст.
Мария Захарова афзуд, ки давлати Русия аз мақомоти Афғонистон мехоҳад то таҳқиқоти комилиро дар мавриди ин ҷиноят анҷом дода, созмондиҳандагон ва омилони ин иқдоми террористиро пайдо ва муҷозот кунанд.
Ёдовар мешавем, ки афроди мусаллаҳи ношиноси рӯзи 2 декабр ба сифорати Покистон дар Кобул (пойтахти Афғонистон) ҳамла карданд.
Дар натиҷаи тирандозӣ як муҳофизи ин маркази диплумотӣ захм бардошт.
Чанде пеш гурӯҳи террористии ДОИШ масъӯляти ҳамла ба сифорати Покистон дар Кобулро бар ӯҳда гирифт.
Давлат Покистон гуфт ҳадафи ин ҳамлаи Обидулраҳмони Низомонӣ, сафири ин кишвар дар Кобул будааст.
Покистон бо маҳкум кардан ин ҳамла онро талоше барои террори кордор худ донист, ки дар ин ҳамлаи осебе надидааст.