ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дубора ба кор медарояд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.
Гуфта мешавад, ки ин кор бо дастур ва супориши раиси вилоят Алишер Мирзонабот анҷом хоҳад шуд.
Дар зимн, бо мақсади шиносоӣ ва тезондани ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар матбааи вилоятӣ, раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот аз ин корхона дидан кардаанд.
"Зимни боздид Мирзонабот барои ҳарчи тезтар ба кор андохтани матбаа ва анҷоми босифати корҳои таъмирии бинои он ба масъулин супоришҳои мушаххас дод", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин, раиси вилоят, аз Идораи рӯзномаи вилоятӣ - “Бадахшон”, ки таърихи зиёда аз 90 сола дорад, низ боздид кардааст.
Раиси вилоят бо кормандони рӯзнома суҳбат намуда, барои инъикоси саривақтии фаъолияти мақомоти ВМКБ изҳори сипос кардааст.
Ӯ аз шарту шароити кории кормандони рӯзнома изҳори қаноатмандӣ намуда, онҳоро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати созандагиву бунёдкорӣ даъват намудаст.
Иттиҳодияи истеҳсолии матабааҳои вилоят дар гузашта яке аз корхонаҳои калон ба ҳисоб мерафт. Бо мурури вақт ин корхона муфлис гардида, тамоман аз фаъолият бозмонд.