Зафаробод нақшаи ҷамъоварии пахтаро барзиёд иҷро кард

Соли равон кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 13943 гектар тухмиҳои серҳосилу ба маҳал кишт карда, 30 ҳазору 560 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Кишоварзони ноҳияи Зафаробод бо истеҳсоли 30 578 тонна пахта нақшаи истеҳсолро 100,1 дарсад иҷро намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Таъкид шудааст, ки ҳанӯз 4 декабр заркорони зафарманди ноҳияи Зафаробод нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд.
“Соли равон кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 13943 гектар тухмиҳои серҳосилу ба маҳал мутобиқи "Хуҷанд-67", "Дӯстӣ", "Султон", "Мая" кишт карда, уҳдадор шуда буданд, ки 30 ҳазору 560 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд”, - қайд кардааст манбаъ.
Зикр гардидааст, ки то рӯзи 4 декабр заркорони ноҳия 30 ҳазору 578 тонна пахта истеҳсол карда, нақшаи пешбинишударо 100,1 фоиз иҷро намуданд.
Дар Ашт беш аз 17 000 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд
Бояд гуфт, ки ноҳияи Зафаробод аз калонтарин ноҳияҳои пахтакори вилоят маҳсуб ёфта, кишоварзони ноҳия дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши назаррас мегузоранд.
Тибқи иттилои мақомот ҳамасола барои таъмини заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ аз ҷониби мақомоти вилоят ва ноҳия маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, пойгоҳҳои обкашии ноҳия сари вақт ба мавсим омода карда мешаванд.
“Натиҷаи чунин дастгириҳо буд, ки имсол аҳли меҳнати ноҳия нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро карданд”,- қайд кардааст манбаъ.