Маҷористон хостори бознигарии таҳримҳо алайҳи Русия шуд

Мақомоти Маҷрористон муътақиданд, ки роҳандозии таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи давлати Русия бар зарари худи ташаббускорон анҷом меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Сарвазири Маҷористон, Виктор Орбан аз кишварҳои аврупоӣ даъват кард, ки таҳримҳо алайҳи Русия бознигарӣ карда шаванд.
Бар асоси пешниҳоди Орбан, далели бозбинии таҳримҳо буҳрони энержӣ дар қора мебошад. Маҷористон аз ҷумла таъйин намудани ҳадди ниҳоии нарх - 60 доллар барои як бушка нафти Русияро зараровар ба Иттиҳоди Аврупо хонда, афзуд, ки кишвар ҷонибдори ин иқдом нест.
Орбан ҳамовозияшро ба кишвардори Фаронса, Эммануэл Макрон баён доштаст, ки гуфта буд Аврупо ва ИМА дар низоъ дар Украина "ба номи як принсип" ширкат мекунанд, аммо баҳои гуногун мепардозанд.
Гузашта аз ин, Вазорати умури хориҷаи Маҷористон таъкид кардааст, ки онҳо ба артиши Украина дарс намеомӯзанд, чуноне ки дар чанд кишвари Иттиҳодияи Аврупо анҷом медиҳанд, чун ҷонибдори сулҳанд, на ҷанг.
Эрон аз ширкатҳои нафту гази Русия даъват кардааст, ки дар Шероз намояндагиҳо боз кунанд
Ин дар ҳолест, ки ахиран Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии Русия таъкид намуда буд, ки ИМА Аврупоро водор ба ҷанги таҳримӣ алайҳи ФР намудаст, ки ба зарарарашон анҷомидаст. Вай гуфт, ИМА дар пӯсти гӯсфанд меояд, аммо дандонҳояш намудоранд.
"Тарҳҳои моро пас гардонданд, ки имкони таъмини энергияи арзонро доштанд, чун маҳз ин энергия пойгоҳи рушди саноати Олмон, Фаронса ва дигар кишварҳо буд", - таъкид намуда буд Володин.
Раиси Думаи давлатӣ афзуда буд, ки ин ҳама натиҷаҳоро дар кишварҳои Осиё мебинанд, ки бо Русия дар заминаи эҳтироми тарафайну дахолат накардан ба умури дохилии ҳамдигар ҳамкорӣ доранд.