Таъкиди Рустами Эмомалӣ ба таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон

Роҳбари Маҷлиси миллии Тоҷикистон таҳкими ҳамкориҳо дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро омили аслии таъмини амнияти минтақа хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамчун сарҳади ҷанубии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ муҳим аст.
Ин нуктаро раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон зимни ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии кишварҳои узви СААД баён дошт.
Ӯ гуфт, дар 30 соли баимзорасонии Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20 соли таъсисёбии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ҳамкориҳои давлатҳои узв ба сатҳи сафатан нав баромада, таҷрибаи назарраси муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир ба даст омадааст.
Рустами Эмомалӣ аз мушкилоти Афғонистон зикр намуда, вазъият дар ин кишварро мураккаб арзёбӣ кардаст. Ӯ бори дигар зарурату аҳамияти таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистонро ҳамчун сарҳадоти ҷанубии минтақаи СААД таъкид дошт.
Таъкиди Рустам Эмомалӣ ва Вячеслав Володин бар таҳкими равобити байнипарлумонӣ
Дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон афзуд, ки роҳбарони парлумони кишварҳои узви СААД бо натиҷагирӣ аз кори ҷаласа дар Маскав як қатор санадҳо қабул карда шуд.
Аз ҷумла, ҷиҳати наздикшавӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои аъзо як қатор тавсияҳои қонунгузорӣ дар бахшҳои мудофиа ва амният, таъмини ҳифзи равандҳои электоралӣ, оид ба муқовимат ба хавфҳои тақсимоти беназорати дороиҳои виртуалӣ қабул карда шуданд, омадааст дар иттилоия.
Дар ҷаласа ҳамчунин нақшаи кори АП СААД дар соли 2023 ҷонибдорӣ гардида, сметаи даромадҳо ва хароҷоти таъминоти фаъолияти созмон барои соли оянда тасдиқ гардид.