ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Маъмурини милиса ду нафар - навраси 17-сола ва ҷавони 25-сола, сокинони шаҳри Ҳисорро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир кардаанд.
Дар ин бора Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи тамғаи "Нексия" аз дохили бағоҷ 50 ҳазор дона маводи тарфгарии тамғаи "Трения" дарёфт ва гирифта шуд. Таъкид гардидааст, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ахиран мақомоти умури дохилии Тоҷикистон, аз шаҳрвандон махсусан, ҷавонону наврасон хост, бо истифода аз маводи тарфгарӣ дар рӯзҳои таҷлили Соли нави мелодӣ оромии сокинонро халалдор накунанд.
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, гарчанде харидуфурӯши маводи тарфгарӣ - "пиротехникӣ-хлопушка" манъ бошад ҳам, садои гӯшхароши он бо фарорасии Соли Нав зиёд шунида мешавад.
Мақомот далели ин ҳолатро дар он мегӯянд, ки баъзе аз тоҷирон манфиатҳои шахсии худро аз талаботи қонунгузорӣ боло шуморида, ғайриқонунӣ маводи тарфгарӣ ворид ва паҳн месозанд.
Қонунгузории Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ҷарима аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро пешбинӣ кардааст. Як нишондиҳанда феълан дар Тоҷикистон муодили 64 сомонӣ мебошад.
Барои муомилот дар ҳаҷми калон ҷарима аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз 1 то 2 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.