ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Ширкати "Jazeera Airways" аз роҳандозии парвозҳо миёни Кувайт ва шаҳри Душанбе эълон додааст.
Ба иттилои ин ширкат, парвозҳо аз 29 декабри соли равон оғоз гардида, ҳафтае 2 бор - рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе дар назаранд.
Дар сомонаи расмии ширкат қимати чипта барои парвоз аз Кувайт ба Душанбе ҳудуди 160 доллар нишон дода шудааст.
Арзиши парвоз аз Душанбе ба Кувайт беш аз 340 доллар арзёбӣ гардида, билетҳо барои парвози якум аз пойтахти Тоҷикистон аллакай ҳамааш фурӯхта шудаанд.
Масъулини ин ширкат изҳор медоранд, ки парвози ҷадид метавонад масире барои сафари зоирини тоҷикистонӣ ба маконҳои муқаддаси кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Маккаю Мадина дар Арабистони Саудӣ гардад.
Ин парвоз ҳамчунин барои гардишгароне, ки мехоҳанд аз табиати Тоҷикистону фарҳангаш дидан кунанд, қулай арзёбӣ шудаст.
Роҳандозии ин парвоз дар ҳолест, ки Тоҷикистону Кувайт азм доранд, ҳамкориҳоро таҳким бахшанд. Аз ҷумла тирамоҳи соли равон ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт дар бораи ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ баргузор шуд.
Ҷалби бештари сармояи кувайтӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, содироти меваю сабзавоти тару тоза, меваҳои хушк, оби нӯшокӣ ва зиёд намудани содироти маҳсулоти дорандаи тамғаи "Ҳалол" аз масоили гуфтушуниди ҷонибҳост.