Пирӯзии Аргентина ва Ҳоланд: Аввалин тимҳое, ки ба 1/4 финал роҳ ёфтан муайян шуд

Мунтахаби Аргентина баъ аз шикасти дастаи Австралияро дар якчорфинали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 бо мунтахаби Ҳоланд рақобат хоҳад кард.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Тими миллии футболи Аргентина бар тими Австралия пирӯз шуда, ба даври чорякфиналии Ҷоми ҷаҳонии Қатар роҳ ёфт.
Бозии 1/8 финал, ки рӯзи шанбе дар варзишгоҳи “Аҳмад бин Алӣ” баргузор шуд, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи мунтахаби Аргентинина анҷом ёфт. Голҳои тими Аргентира Лионел Месси дар дақиқаи 35-ум ва Хулиан Алварес дар дақиқаи 57-ум ба ҳадаф расонданд.
Бояд гуфт бозигарии Аргентина Энцо Фернандес дар дақиқаи 77-ум тӯбро ба дарвозаи худ зад.
Леонел Месси 1000-умин бозии худро анҷом дод. Ин 169-умин бозии ӯ дар ҳайати мунтахаби Аргентина буд ва 831 бозии дигар дар ҳайати “Барселона” ва “ПСЖ” мебошад.
Месси голи нӯҳуми худро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷоми ҷаҳон зад ва аз рӯи ин нишондод аз Диего Марадона гузашт. Миёни аргентиниҳо дар чемпионатҳои ҷаҳон танҳо Габриэл Батистута (10) гол задааст. Гол ба дарвозаи австралиягиҳо барои Мессии 35-сола аввалин гол дар плей-офф дар Чемпионатҳои ҷаҳон буд.
Дар даври 1/4 финал мунтахаби Аргентина 9 декабр бо тими Ҳолланд рақобат хоҳад кард.