Эрон аз ширкатҳои нафту гази Русия даъват кардааст, ки дар Шероз намояндагиҳо боз кунанд

Мушовири раиси вилояти Форси Эрон аз ширкатҳои нафту гази Русия даъват кардааст, ки дар Шероз намояндагиҳояшонро боз намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Мушовири раиси вилояти Форси Эрон Мойтаба Биназода мегӯяд, ки “Газпром” ва дигар ширкатҳои бузурги нафту гази Русия дар Шероз дар маркази фаъолияти ширкатҳои нафту газ дар Эрон бояд намояндагиҳои худро дошта бошанд, иттилоъ додааст РИА "Новости"
“Воқеан Шероз муҳимтарин шаҳр дар ҷануби Эрон аст. Ин қадар ширкатҳое, ки дар минтақаи Халиҷи Форс ва атрофи он фаъолият мекунанд, дар Шероз намояндагӣ доранд. Фикр мекунам, ки "Газпром" ва дигар ширкатҳои бузурги Русия низ бояд дар ин шаҳр чунин намояндагиҳо дошта бошанд", гуфт вай.
Дар ҳамин ҳол, вай таъкид кард, ки Русия дорои манобеъи бузурги миллӣ - нафту газ аст ва вилояти Форс низ маркази фаъолияти ширкатҳои нафту газ ба ҳисоб меравад.
Эрон мехоҳад ҳамкориҳоро бо Русия дар заминаи рушди технология тақвият диҳад
"Ғайр аз ин, худи вилоят ба дигар минтақаҳои сарватманди нафт хеле наздик аст. Ман фикр мекунам, ки ҳамаи ин ба таъсиси як маркази захиравии муштарак қадамҳои аввал мегузорад ва дар он ҷонибҳо ба муошират ва андешаи манфиатҳои дуҷониба андеша мекунанд", - таъкид кард Биназода.
Ёдовар мешавем, мақомоти ду кишвар барои таҳкими равобит ба вижа дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, энержӣ, транзит ва ҳамчунин ҳамкориҳои чандҷониба ва минтақавӣ ҳамонанди Созмони Ҳамкории Шанхай ва БРИКС талош дорад.
Мақомоти ду кишвар дар ҳоли густариши таҳримҳо бар зидди ду кишвар ва фишорҳои иқтисодии ғарб маҷбур шудаанд роҳҳои густариши ҳамкориро пайдо намоянд.