ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Дар ошӯбҳои ахир дар Эрон ҳудуди 200 нафар кушта ва созмонҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ беш аз 200 миллион доллар хисорот дидаанд Дар ин бора Шӯрои Амнияти Вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Исломӣ дар баёнияе изҳор дошт.
“Дар натиҷаи бетартибиҳо 200 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки онҳоро метавон ба гурӯҳҳои зерин тақсим кард: онҳое, ки дар байни нерӯҳои амниятӣ ҳалок шудаанд; онҳое, ки дар амалҳои террористӣ ҳалок шудаанд; шаҳрвандони бегуноҳ, ки дар натиҷаи хунсо кардани гурӯҳҳои мусаллаҳ кушта шуданд, иштирокчиёни ошӯбҳо, инчунин аъзоёни гурӯҳҳои мусаллаҳ", - хабар медиҳад Tasnim.
Вазорати корҳои дохилӣ қайд мекунад, ки дар ҷараёни ошӯбҳо ба созмонҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ ҳазорҳо миллиард тумани эронӣ хисорот ворид гардид.
Аз миёнаҳои моҳи сентябр дар Эрон дар робита ба марги Маҳсо Аминӣ пас аз боздошти ӯ аз сӯи ноиби пулис ошӯбҳои оммавӣ ва эътирозҳо идома дорад. Сокинони кишвар дар марги Маҳса мақомотро гунаҳкор донистанд. Занони эронӣ ба таври оммавӣ наворҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, ки дар он мӯи худро бурида ва ҳиҷобро сӯзондаанд.
Мақомоти Эрон кишварҳои ғарбиро дар пуштибонӣ аз тазоҳургарон, ки дар расонаҳои худ паёмҳои тахрибкорона ва зиддиэронӣ паҳн мекунанд, муттаҳам мекунанд ва ҳамчунин аз мардуми Эрон ба иқдомоти инқилобӣ ва сарнагун кардани ҳукумат дар ин кишвар даъват мекунанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ одамонеро, ки ба хадамоти иктишофии Ғарб, Исроил ва Арабистони Саудӣ кумак мерасонанд, дастгир мекунанд ва қариб ҳар рӯз дар сарҳадҳо миқдори зиёди яроқу аслиҳа, ки барои бетарибиҳо пешбинӣ шудааст, нобуд мекунанд.