Тимҳое, ки ба даври 1/8 финалии Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳ ёфтанд

Ба бозиҳои даври 1/8 финалии Ҷоми ҷаҳонии футбол 16 даста роҳ ёфтанд ва рӯзҳои 3-6 декабр бозӣ миёни онҳо сурат мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Рӯйхати ширкаткунандагони даври плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар маълум шуд.
Ҷуфтҳои даври 1/8 финал чунинанд:
Ҳолланд – ИМА;
Аргентина – Австралия;
Фаронса – Лаҳистон;
Англия – Сенегал;
Ҷопон – Хорватия;
Бразилия – Кореяи Ҷанубӣ;
Марокаш – Испания;
Португалия – Швейтсария.
Барандаи кунунии медалҳои биринҷии ҷаҳон Белгия ба плей-офф роҳ наёфт, бори дуюм паиҳам қаҳрамони чаҳоркаратаи ҷаҳон Олмон натавонист аз марҳилаи гурӯҳӣ барояд.
Илова бар ин, аз соли 2002, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон, тими Уругвай бори аввал ба даври плей-офф роҳ наёфт.
Натиҷаҳои рӯзи 12-уми Ҷоми ҷаҳон - 2022: Белгия ва Олмон тарки мусобиқа карданд
Барои нахустин бор дар таърихи Ҷоми ҷаҳонии футбол се тими Конфедератсияи футболи Осиё дар даври плей-офф ширкат хоҳанд кард:
Ҷопон;
Кореяи Ҷанубӣ;
Австралия
Зимнан, барои нахустин бор аз соли 1994 то ҳол ҳеҷ даста натавонистааст дар ҳамаи бозиҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ пирӯз шавад.
Бозиҳои 1/8 финал рӯзҳои 3-6 декабр баргузор мешаванд. Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар рӯзи 18 декабр ба анҷом мерасад.