Азим Иброҳим барои фотеҳахонӣ ба сафорати Чин дар Душанбе рафт

Вазири нақлиёти Тоҷикистон барои ибрози ҳамдардӣ дар робита ба даргузашти собиқ раиси Ҷумҳурии мардумии Чин ба сафорати ин кишвар дар Душанбе рафт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Азим Иброҳим аз сафорати Чин дар Душанбе боздид намуда, аз номи Ҳукумати Тоҷикистон дар китоби хотира, бинобар даргузашти Тсзян Тсземин, собиқ раиси Ҷумҳурии мардумии Чин сабт гузошт.
Дар ин бара дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод.
Маврид ба зикр аст, ки собиқ раиси ҶМЧ Тсзян Тсземин рӯзи 30 ноябр даргузашт.
Андуҳи Раҳмон аз даргузашти роҳбари пешини Чин
Дар робита ба даргузашти ӯ, роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳамтои чинии худ, Си Ҷинпин барқияи тасаллӣ ирсол намуд.
Котиботи президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти тамосҳои худро бо ҷаноби Тсзян Тсземин ба некӣ ёд оварда изҳор доштааст, ки “ба шарофати талошҳои Тсземин муносибатҳои созандаи ду кишвари дӯст ҳамаҷониба густариш ёфта, ба сатҳи сифатан нав бардошта шуданд”.
Маврид ба зикр аст, ки Тсзян Тсземин дар синни 96-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯ аз соли 1993 то 2003 роҳбарии Чинро ба уҳда дошт.