ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Муовини вазири нафти Эрон Азим Калантариасл, ахиран гуфт, Эрон мехоҳад ҳамкориҳоро бо Русия дар заминаи рушди фанноварӣ тақвият диҳад.
"Мо ҳамкориҳои тӯлонӣ дорем (бо Русия), ки таърих дорад ва мо аз он хурсандем, ки мо ҳоло имкон дорем на танҳо ин ҳамкориро инкишоф диҳем, балки онро тақвият диҳем. Ин ба ҳамкориҳои мо дар бахши тадқиқоти илмӣ ва рушди технология рабт дорад", — гуфт Муовини вазири нафти Эрон.
Ёдовар мешавем, мақомоти ду кишвар барои таҳкими равобит ба вижа дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, энержӣ, транзит ва ҳамчунин ҳамкориҳои чандҷониба ва минтақавӣ ҳамонанди Созмони Ҳамкории Шанхай ва БРИКС талош дорад.
Мақомоти ду кишвар дар ҳоли густариши таҳримҳо бар зидди ду кишвар ва фишорҳои иқтисодии ғарб маҷбур шудаанд роҳҳои густариши амкориро пайдо намоянд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ахиран дар дидор бо Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар ҳошияи иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар Ӯзбекистон аз вуруди ин ҳайатҳои тиҷорӣ ба Теҳрон хабар дода буд.