Медведев: Ғарб фаҳмид, ки мо истиқлолияти худро қурбонӣ намекунем

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия мегӯяд Русия зери пои кишварҳои Ғарб нашуд ва аз илова кард, ки Ғарб мехост хотираи таърихии моро нобуд кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Дмитрий Медведев, раиси Шӯрои амнияти Русия дар мулоқот бо хайрхоҳон гуфт, ки кишварҳои ғарб дарк карданд, ки Русия аз соҳибихтиёрии худ даст намекашад ва савганд намехӯрад ва ҳоло ҳадафи он мухолифат ба кишвари мо ва нобуд кардани хотираи таърихии он аст.
“Ғарб фаҳмид, ки мо истиқлолияти худро қурбонӣ намекунем ва аз соҳибихтиёрӣ даст намекашем ва ба онҳо савганд намехӯрем", афзуд Медведев.
Вай афзуд, ки пас аз дохилшавии Қрим ба ҳайати Русия маълум шуд, ки Ғарб " мехоҳад муқовимат нишон диҳад”.
"Бо мо мубориза мебурданд, кӯшиш мекарданд, ки тамоми натиҷаҳои рушди моро дар солҳои охир аз байн бубаранд, кушиш мекарданд, ки ҳатто хотираи таърихии моро нобуд созанд ва мегӯятанд қариб чизе боқӣ намондааст, гӯё ин гуна кишвар набуд ва мардум якҷоя зиндагӣ намекарданд", - Дмитрий Медведев.
Лавров: Русия дархости музокира бо Украинаро накардааст
Инчунин оқои Медведев илова кард, ки мухолифони Русия на украинҳо, балки онҳое ҳастанд, ки идеологияи фашистиро дар он кишвар ҷорӣ мекунанд, иттилоъ додааст РИА Новости.
"Рақибони мо ин украиниҳо ҳамчун миллат нестанд. Онҳо воқеан ба мо наздиканд, ин ҳама равшан аст. Рақибони онҳоеҳастанд, ки идеологияи муайянеро ҷорӣ мекунанд. Дар ин кор, ошкор бигӯем,мувафақ ҳам ҳастанд", - гуфт Медведев дар мулоқот бо хайрхоҳон.
Медведев афзуд, ки дар ин замина аз тарҳҳое, ки барои ҳифзи хотираҳои рӯйдодҳои ҷорӣ нигаронида шудаанд, бояд пуштибонӣ кард.