ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров, дар нишасти хабарӣ бахшида ба масоили амниятии Аврупо гуфт, Маскав ҳеҷ гоҳ музокирот бо Украинаро дархост накардааст, аммо омода аст, ҷониби дигарро гӯш кунад.
"Вақте, ки моро муттаҳам мекунанд, ки мо ҳамеша дархости музокира мекунем барои вақт кашол додад то ин ки нерӯҳои иловагиро барои амалиёти вижа низоми омода намем, ин аз як тараф хандаовару нохуш аст, зеро онҳо рӯирост дурӯғ мегӯянд. Мо ҳеҷ гоҳ дар бораи музокирот дархост накарда будем, аммо мо ҳамеша мегуфтем, ки агар касе ба ҳалли музокира манфиатдор бошад, мо омодаем онро гӯш кунем”, - гуфт вазири умури хориҷии Русия.
Ёдовар мешавем, ки ахиран президенти Белорус роҳи хатми низоъ дар Украинаро нишон дод ва Зеленскийро ба музокироти сулҳ даъват кард, то аз тахриби комили кишвар ҷилавгирӣ кунад.
Оқои Лукашенко гуфт, раҳбарияти Украина бояд ором шавад ва агар марги теъдоди зиёди одамон ва тахриби кишварро нахоҳад, барои хатми низоъ иқдом кунад.
"Ҳама чиз дар дасти Украина аст. На аз он сабаб, ки ман мехоҳам ин мавзӯъро ба Зеленский ва Украина тела диҳам. Воқеан ҳам, ҳама чиз ҳоло дар дасти Украина аст. Агар онҳо марги теъдоди зиёди одамонро нахоҳанд...Ин душвор аст, мушкил аст, аммо шумо бояд бас кунед, шумо бояд онро боздоред, зеро минбаъд Украина комилан хароб хоҳад шуд... Ин чизе нест, ки ба аз даст додани давлатдорӣ таҳдид кунад, ин нобудшавии Украина хоҳад буд", - гуфт Александр Лукашенко.