Ҳавои рӯзи якуми зимистон дар Тоҷикистон гарму бебориш аст

Ҳавосанҷон дар ВМКБ то 9 дараҷа, дар Суғд гармии 10 дараҷаӣ, дар Хатлон 18 дараҷа ва Душанбею атрофи он 16 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Ҳавои рӯзи якуми фасли зимистон дар Тоҷикистон гарм ва бебориш мешавад, мегӯяд Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар баъзе ноҳияҳои ВМКБстбориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Шамол дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрноки асосан бебориш дар назар аст. Вазиши шамол дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония мерасад. Ҳаво шабона 5-10, рӯзона 13-18 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ҳавои моҳи охири тирамоҳ дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо асосан бебориш дар назар аст. Шабона ҳаво то 3-8 ва рӯзона то 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои қисман абрноки асосан бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.