ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Моҳи декабр дар Тоҷикистон поинравии ҳарорат дар назар аст, ҳарчанд миқдори боришот аз меъёр зиёд намешавад, хабар медиҳад Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар.
Бар хабари манбаъ, дар Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он аввали моҳи декабр боришот сурат мегирад. Дар аксар ноҳияҳо бориши барфу борон шиддат мегирад. Дамои ҳаво рӯзона то 15 ва шабона то 6 дараҷа гарм мешавад.
Зимнан, ҳаво дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ баъзан як дараҷа поинтар аз меъёри иқлимӣ пасттар шуда, то 6 дараҷа хунук мешавад. Ҳамчунин вазиши шамол дар баъзе ноҳияҳо дар як сония ба 13-18 метр хоҳад расид.
Ҳавои навоҳии шарқи ВМКБ нисбатан хунуктар мешавад. Ҳарорат дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, 14-19 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Дар даҳрӯзаҳои аввал ва дуюми моҳ ҳарорати ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳарорат 4-5 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ ҳарорат дар водиҳо рӯзона то 9-14 ва дар баъзе ноҳияҳои ҷанубӣ то 12-17 дараҷа гарм мешавад. Миқдори боришот аз меъёр паст пешбинӣ шуда, шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо сурати то 17-22 метр дар як сония дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳавои атмосферӣ дар ҳудуди меъёр, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ ҳарорат дар водиҳо рӯзона 1-6 дараҷа гарм ва шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад.