Гирифторӣ ба ВНМО дар Хатлон кам шудааст

Аз шумораи умумии гирифторони бемории вируси норасоии масунияти одам дар вилояти Хатлон 316 нафарро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар вилояти Хатлон гирифторӣ ба маризии ВНМО коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад “Фараж” бо истинод ба директори Маркази пешгирӣ бар зидди бемории ВНМО,.
Ба таъкиди Илёсиддин Саидов, дар нуҳ моҳи охири соли равон дар вилоят равон281 нафар бемор ба қайд гирифта шуданд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 10 нафар камтар мебошад
“Дар умум дар ҳудуди вилоят 3223 нафар бемор ба қайд гирифта шудаанд, ки дар ин миён316 нафар кудакону наврасони то синни18-сола низ ҳастанд”, - изҳор доштааст Саидов.
Тибқи иттиллои масъулин аксари беморон муҳоҷирон буда, онҳо огоҳу ногоҳ ҳамсарони худро ба ин беморӣ гирифтор кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, гирифторӣ ба ин беморӣ дар вилояти Суғд низ коҳиш ёфтааст.
Тоҷикистон шумораи гирифторони бемории ВНМО-ро расонаӣ кард
Тибқи иттилои Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО (СПИД), ҳоло дар вилоят 2420 нафар беморон ба сар мебаранд, ки аз ин шумори беморон 2134 нафар калонсолон ва 124 нафар кӯдакон ба табобати ройгон фаро гирифта шудаанд.
Қаблан Маркази ҷумҳуриявии ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО шумораи гирифторони ин дардро расонаӣ кард.
Тибқи иттилои манбаъ, шумораи умумии сироятёфтагони ВНМО аз соли 1991 то моҳи июни соли 2022 14 540 нафарро ташкил дода, миёни онҳо 9264 нафар мард ва 5276 нафар зан мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола рӯзи 1 декабр ҳамчун умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам таҷлил мегардад.