Баррасии муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Туркия дар Душанбе

Мақомоти Тоҷикистону Туркия дар Душанбе ҳамкориҳо дар бахши сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳиро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркия дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти корҳои хориҷӣ баргузор шуд.
Тавре вазорати хориыаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар рафти машваратҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба баррась шуд.
Аз ҷумла тарафҳо дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Эрдуғон ва мардуми Туркия
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти кишвар эълон карда буд, ки Тоҷикистон тасмим дорад гардиши савдоро бо Туркия то 1 млрд доллар расонад.
Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон эълон карда буд, ки барои ҷалби сармояи Туркия ба кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Ҷониби Туркия омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва амалӣ гардидани ташаббусҳои зикршуда баён карда буд.