ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Бо мақсади расонидани хизматрасонии ройгони тиббӣ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон маъракаи "Корвони саломатӣ" роҳандозӣ гардидаст.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар дода, афзуд, ки дар доираи он шаҳрвандони кишвар ба ташхис ва муоинаҳои ройгон фаро гирифта мешаванд.
Таъкид шудааст, ки барои беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ вазорат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд нақлиётҳои сайёри тиббӣ низ дастрас намудааст.
"Мошинҳои сайёр дорои таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла таҷҳизоти рентгенӣ, ташхисӣ, стомотологӣ, кардиологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ мебошанд", - омадааст дар иттилоия.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, маҳз бо истифода аз чунин нақлиётҳои махсуси сайёр ин сокинони шаҳрҳои Хуҷанд ва Конибодоми вилояти Суғд аз ҷониби табибони ботаҷриба ба ташхис ва муоинаҳои ройгон фаро гирифта шуданд.
"Бояд гуфт, ки бо истифода аз нақлиётҳои махсуси сайёр сокинони дигар шаҳру навоҳии вилояти мазкур низ марҳила ба марҳила ба ташхис ва муоинаҳои ройгон фаро гирифта хоҳанд шуд", - таъкид намудаст Вазорат.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз омодагии муассисаҳои тиббӣ ба фасли зимистон гузориш дода, изҳор дошт, ки 99%-и нақшаи омодагиҳо амалӣ гардида, чорабиниҳо дар ин самт идома дорад. Аз ҷумла сӯзишворию генераторҳо захира карда шудаанд, ки дар сурати бебарқӣ истифода мешаванд.