Роҳандозии курсҳои ройгон барои хонандагони синфҳои 10 дар “Хонаи русӣ”-и Душанбе

Россотрудничество эълон кардааст, ки дар “Хонаи русӣ”-е, ки дар пойтахти Тоҷикистон воқеъ аст, курсҳои ройгон барои хонандагони синфҳои даҳ роҳандозӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Курсҳои ройгон, ки дар заминаи Россотрудничество дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст бояд барои омода намудани донишҷӯён барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои олии Русия кумак намояд.
Дар ин курсҳо фанҳои техникӣ, гуманитарӣ, тиббӣ ва иктисодӣ омӯзиш дода мешаванд ва дарсҳо дар давоми шаш моҳ хафтае ду маротиба гузаронда мешаванд.
Россотрудничество хабар додааст, ки ариза барои иштирок дар ин курсҳо метавон аз 1 то 10 декабр пешниҳод кард.
Русия ният дорад квотаҳои таҳсилотиро барои донишҷӯёни тоҷик зиёд кунад
Тибқи маълумоти ин ниҳод, тақрибан 80 дарсади хатмкунандагон ба беҳтарин донишгоҳҳои Русия бомуваффақият дохил мешаванд. Барои мисол, мисли донишҷӯи феълии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург Алина Илмуродова.
"Курсҳо дар “Хонаи русӣ” ба ман имкон доданд, таҳсил кунам ва ба кори дӯстдоштаам машғул шавам ва муҳимтар аз ҳама, ин курсҳо ба ман кумак карданд, ки бо баҳои баланд ба донишгоҳидилхоҳам дохил шавам", - мегӯяд ҷавондухтар.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл сафири Русия дар Тоҷикистон гуфта буд, ки мақомоти Русия тасмим доранд, квотаҳои буҷавиро барои довталабони тоҷик афзоиш диҳанд.