Ҳавои рӯзи охири тирамоҳ дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?

Ҳарорат дар Вилояти Мухтори Куҳистон Бадахошон то 8 дараҷа, дар Суғд то 10 дараҷа, дар Хатлон то 17 дараҷа ва Душанбею навоҳии атроф то 16 дараҷа гарм мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, хабар дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳаво тағйирёбанда ва асосан бебориш хоҳад шуд. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 8 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро низ ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, боришот дар назар нест, танҳо дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Душанбеи зарринпӯш ба ривояти тасвир - аксҳо
Дар Хатлон низ боришот дар назар нест, аммо фаромадани тормеғ дар баъзе ноҳияҳо пешгӯӣ мшеавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мерасад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳаво тағйирёбанда ва асосан бебориш ва бо тормеғ фар мегирад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат шабона 5+7 дараҷа гарм ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.