Андуҳи Раҳмон аз даргузашти роҳбари пешини Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз роҳбари пешини Чин ба некӣ ёд карда, нақши шодравонро дар роҳандозӣ ва таҳкиму тавсеаи равобити ду кишвар бузург арзёбӣ намудаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари Чин, Си Ҷинпин барқияи тасаллӣ ирсол намуд, хабар дод дафтари матбуоти президенти ҶТ.
Раҳмон дар паём андуҳи амиқашро аз хабари даргузашти сиёсатмадор ва ходими шоистаи давлатӣ, собиқ раисиҷумҳури Чин, Тсзян Тсземин баён доштааст.
Ҷаноби Тсзян Тсземин бо фаъолияти доманадору сермаҳсули худ дар мансабҳои гуногуни баланду муҳими давлатӣ хусусияту мӯҳтавои як давраи комили рушди Чинро таҷассум намуд, гуфтаст президенти Тоҷикистон.
Ӯ илова намудаст, ки марҳум дар дохили кишвар ва берун аз он соҳиби иззату эҳтиром ва обрӯву эътибори баланд гардида буд.
"Ҷониби Тоҷикистон нақши шодравонро дар роҳандозӣ ва таҳкиму тавсеаи равобити дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Чин қадрдонӣ менамояд ва ба шахсияти ӯ сидқан эҳтиром мегузорад", - омадааст дар паём.
Таъкид шудаст, ки ба шарофати талошҳои Тсземин муносибатҳои созандаи ду кишвари дӯст ҳамаҷониба густариш ёфта, ба сатҳи сифатан нав бардошта шуданд. Мулоқоту тамосҳои сермаҳсули худро бо ҷаноби Тсзян Тсземин бо некӣ дар ёд дорам, изҳор дошт Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамдардӣ ва таъзияву таслияти хешро ба роҳбар ва мардуми дӯсти Чин ва ҳамаи наздикону пайвандони марҳум баён доштаст.
Маврид ба зикр аст, ки Тсзян Тсземин дар синни 96-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯ аз соли 1993 то 2003 роҳбарии Чинро ба уҳда дошт.