Путин ва Тоқаев масъалаи иттиҳоди гази Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистонро баррасӣ карданд

Раисиҷумҳури Қазоқистон дар дидор бо раҳбари Русия гуфт, омода аст масъалаи ҳамкориҳои сеҷонибаи газ бо Русия ва Ӯзбекистонро баррасӣ кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Кишвардорони Русия ва Қазоқистон Владимир Путин ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар Кремл масъалаи таъсиси иттиҳоди газ бо ширкати Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.
Дар ин бора котиби матбуотии президенти Қазоқистон, Руслан Желдибой хабар дод.
"Сухан дар бораи таъсиси "иттиҳоди сеҷонибаи газ" иборат буд, ки аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба манзури ҳамоҳангсозии амалҳо дар интиқоли гази Русия тавассути қаламравҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон меравад", - шарҳ дод намояндаи раҳбари Қазоқистон.
Путин ва Тоқаев ба мувофиқа расиданд, ки машваратҳои муфассали сеҷониба бояд бо иштироки коршиносон барои пайдо кардани ҳалли оқилонае, ки манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳоро дар назар доранд, баргузор кунанд, илова намуд Желдибой.
Ба гуфтаи Тоқаев дар пайи мулоқот бо Михаил Мишустин, нахуствазири Русия, Путин дар ин музокирот мавзӯи "паймонҳои сеҷониба"-ро матраҳ кард, аммо ҷониби Қазоқистон барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ бояд "мавзӯъро дарк кунад".
Путин дар бораи ҳамкориҳои иқтисодии минтақаҳои Русия ва Қазоқистон гуфт
Сафар ба Русия нахустин сафари расмии раисиҷумҳури Қазоқистон пас аз дубора интихоб шуданаш аст. Ба гуфтаи Тоқаев, ин аҳамияти хоса дорад.
Дар мулоқоти Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва Владимир Путин ду президент эъломияеро ба муносибати 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ имзо карданд.
Дар ҳуҷҷат ҳар ду мамлакат хоҳиши худро дар бораи ғайрисиёсӣ гардондани ташкилотҳои иқтисодие, ки самти сиёсӣ надоранд, баён намуданд.