Дар 8 соли оянда аҳолии қобили кор ба 6,8 млн нафар мерасад

Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки таъмини шуғли пурмаҳсул ба зиёдшавии истеъмол, пасандоз ва маблағгузориҳо мусоидат мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Миқдори аҳолӣ дар синни коршоямӣ дар соли 2030 ба 6,8 миллион нафар мерасад, иттилоъ додааст вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Дар ин бора муовини якуми мудир дар умури масъалаҳои илми Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” Сангинзода Эмин Нуъмон изҳор кардааст.
Ба гуфтаи вай миқдори умумии одамони машғули кор дар соли 2030 46,7 дарсад аҳолии коршоямро ташкил медиҳад.
Сангинзода Эмин Нуъмон таъкид кардааст, ки таъмини шуғли пурмаҳсул ба зиёдшавии истеъмол, пасандоз ва маблағгузориҳо мусоидат мекунад.
Аҳолӣ дар Тоҷикистону ОМ: Чанд буду чанд шуд?
Ин масъала ахиран дар ҷаласаи ҷамъбастии солани Шӯрои илмӣ Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” баррасӣ шуд.
Дар ин ҷаласа рафти иҷрои ҳисоботи илмӣ-таҳқиқотии фармоишӣ дар мавзуъи “Асосҳои иҷтимоӣ-меҳнатии таъмини шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон”, баррасӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки бар асоси гузориши Бонки АвруОсиёии Рушд, аз рӯи суръати афзоиши аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон пешсаф мебошад. Аҳолии кишвар тайи 20 соли охир ҳудуди 60% афзоиш ёфтааст. Шумори тоҷикистониҳо дар 20 соли қабл 6,2 млн нафар ва феълан ҳудуди 9,9 млн арзёбӣ шудааст.