Шарҳи расмии садамаи таксӣ ва автобус дар Душанбе: Айби кӣ шуду кӣ осеб дид? - видео

Дар садама, ки ба иттилои мақомоти умури дохилии Душанбе дар натиҷаи бо суръати баланд ҳаракат намудан рух додааст, танҳо як нафар ҷароҳат бардоштаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Автомашинаи тамғаи "Киа Рио" дар яке аз хиёбонҳои марказии Душанбе аз болои пул сарозер шуда, ҳамчунин автобусе, ки аз таги ин пул мегузаштааст, осеб дидааст.
Ба иттилои раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе ҳодисаи мазкур нисфурӯзи 28 ноябр рух додаст.
Мақомот тавзеҳ доданд, ки ронандаи худрави "Киа Рио" бо суръати баланд дар болои купруки хиёбони Исмоили Сомонӣ ҳаракат намуда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
"Дар натиҷа ба панҷараи оҳанини канори чапи роҳ бармехӯрдаст. Панҷараи оҳанини канори роҳ шикаста, ба оинаҳои тарафи чапи автобуси мусофирбар, аз таги купрук ҳаракат мекард бархурда, ба нақлиёти мазкур зарари техникӣ расонидааст", - омадааст дар иттилоия.
Садама бо иштироки автобусу таксӣ дар шаҳри Душанбе
"Киа Рио" низ аз баландии 6,35 метр бо қисми пеш ба роҳи автомобилгарди кӯчаи Низомии Ганҷавӣ сарозер шудаст.
Дар натиҷаи садамаи танҳо як нафар мусофири "Киа Рио", ҷавондухтари 18-сола, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаст.
Мақомоти умури дохилии Душанбе мегӯянд, аз рӯи ҳолати мазкур маводи лозима тартиб дода шуда, санҷиш ҷараён дорад.