Идомаи тирамоҳи бебориш: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Ҳарорати ҳаво дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 7 дараҷа, Суғд то 17 дараҷа, Хатлон то 22 дараҷа ва Душанбею атрофи он то 20 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда дар назар буда, боришот сурат намегирад, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳаво асосан бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14, дар баъзе минтақаҳо то 16-21 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук дар назар аст.
Боришот ҳамчунин дар вилояти Суғд низ дар назар набуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Душанбеи зарринпӯш ба ривояти тасвир - аксҳо
Хатлонро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 5+7 дараҷа гарм ва рӯзона 18+20 дараҷа гарм дар назар аст.