Афзоиши гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон: омори нав

Дар маҷмӯъ, гардиши мол миёни Тоҷикисону Ӯзбекистон дар ҳоли рушд қарор дорад, дар ҳоле ки тавозуни савдои Тоҷикистон ҳануз манфӣ мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ҳаҷми умумии табодули коло миёни Душанбе ва Тошканд рушди муътадилро нишон додааст, иттилоъ додааст ниҳоди дахлдори Тоҷикистон.
Тавре манбаъ хабар додааст, дар баробари ин, нишондиҳандаҳои воридот аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон нисбат ба содирот бартарӣ доранд.
Тибқи иттилои манбаъ дар 9 моҳи соли 2022 гардиши мол миёни ду ҷумҳурӣ ба 412,4 миллион доллар расидааст. Аз ин шумор 150,1 миллион ба содироти Тоҷикистон ва 262,2 миллион ба воридоти колоҳо аз Ӯзбекистон рост меояд.
Ҳамин тариқ, воридот аз Ӯзбекистон нисбат ба содирот 1,7 маротиба бештар аст.
Раҳмон бо Мирзиёев мулоқот кард: сарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз чӣ гуфтанд?
Ин ба сохтори воридот ва содирот рабт дорад. Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон асосан ашёи хоми коркарднашуда содир мекунад аммо ба ҷумҳурӣ баръакс, молҳои тайёри дорои арзиши иловашуда ворид мешаванд.
Маҳсулоти асосии содиротии Душанбе алюминюми аввалия, сулфур, семент ва оҳак мебошад.
Дар хусуси воридот бошад, аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон нуриҳои минералӣ ва кимиёӣ, косметика (ороишӣ), атриёт, нақлиёт, ғизои кӯдакона ва асбобҳои рӯзгор ворид мешавад.
Қаблан Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Тошканд гуфта буд, ки агар соли 2018 гардиши мол миёни ду кишвар 287 миллион долларро ташкил медод, соли 2019 ин рақам ба 362 миллион ва дар соли 2020 каме коҳиш ёфта, ба 333,8 миллион доллар расида буд. Дар соли 2021 ин нишондиҳанда ба 447,8 млн доллар расид.