Майдонҳои ҳавоии ҷанубу маркази Русия барои ҳавопаймоҳои мулкӣ баста мемонанд

Маҳдудияти ҳавопаймоҳои таъйиноти мулкӣ ба майдонҳои ҳавоӣ дар қисмати марказӣ ва ҷанубии Русия дар моҳи декабри соли равон низ амал хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Парвози ҳавопаймоҳо ба фурудгоҳҳои ҷанубу маркази Русия, ки дар пайи оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина роҳандозӣ гардид, то декабр тамдид шуд.
Ба иттилои "Росавиатсия", маҳдудияти парвозҳо ба далоили амниятӣ ба 11 фурудгоҳ тамдид шуд.
"Низоми маҳдудияти парвозҳо ба 11 фурудгоҳ дар қисмати марказӣ ва ҷанубии Русия дахл дошта, то 3 декабри соли 2022 тамдид шуд", - омадааст дар иттилоияи "Росавиатсия".
Дар феҳрасти фурудгоҳҳое, ки парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба онҳо мутаваққиф шудааст, ҳамоно Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста ном бурда шудаанд.
Барои сокинони вилояти Суғд парвоз ба Маскав осонтар мешавад
"Росавиатсия" ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тавсия додааст, ки аз масирҳои дигар барои анҷоми парвозҳо истифода кунанд. Аз ҷумла барои сафар ба минтақаҳое, ки маҳдудият доранд, истифода аз фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав маслиҳат дода шудааст.
Таъкид гардидааст, ки фурудгоҳҳои тавсияшуда зарфияти кофӣ барои хидматрасонӣ ба мусофирони иловагиро доранд.
Маҳдудияти парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба бархе аз манотиқи Русия аз 24 феврали соли равон амал мекунад.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".