Ҳалокати ду узви як хонавода дар пайи истеъмоли ғизои дастисоз дар Суғд - видео

Бар асари истеъмоли консерваи худсохт дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд 8 узви як хонавода заҳролуд шуда, 2 нафарашон ҷон додаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ботулизм ё худ бемории ҳасибак боиси бистарӣ шудани 8 узви як хонавода дар беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов шудаст, ки 2 нафарашон фавтиданд.
Дар ин бора муовини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавӣ дар Шифохонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, Абдуғаффор Темуров ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Ҳашт узви як хонавода дар натиҷаи истеъмоли хуроки худсохт ба ин ҳол гирифтор шудаанд. Инҳо ҳама консерваи худсохт истеъмол карда, заҳролуд шудаанд", - қайд намуд табиб.
Ба гуфтаи Темуров ин ҳодиса дар шаҳраки Меҳрободи ноҳия рух дода, рӯзҳои охир табибон дар талоши наҷоти ҷони заҳролудшудаҳо будаанд.
"Баъд аз 10 рӯзи табобот вазъи 6 нафари инҳо беҳбуд ёфта, аммо ду тани дигар ҷавонзани 30-сола ва модари 58-солаи хонаавода ҷон доданд", - гуфт ӯ.
Табиб таъкид намуд, ки феълан як узви ин хонавода дар шуъбаи эҳё қарор дошта, боқӣ баъди беҳтар шудани вазъи саломатиашон аз шуъбаи эҳё ба шуъбаи маризиҳои сироятӣ интиқол дода шудаанд.
Ҳайитбой Каримов, яке аз узви хонавода аст, ки дар шифохона қарор дорад. Ӯ, зимни суҳбат ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар бораи чи гуна ба бемории ҳасибак (ботулизм) дучор шуданаш иброз намуд.
“Он шаб соати 23 буд, ҳароратам баланд шуду дилам беҳузур, то саҳар чизи истеъмол кардамро қайд кардаму то зуҳр ҳолатам баъдтар шудан гирифт. Моро ба бемористон интиқол доданд. Худоро шукр ҳолатам беҳтар шуд, сипос барои табибон, ки саривақт моро ба табобат фаро гирифтанд”, - зикр кард Каримов.
Зимнан ба ҳисоби ӯ, ду узви хонаводааш дар як ҳуҷра табобат мегиранд. Табибон вазъи саломатии онҳоро назар ба даҳ рӯзи пеш муътадил арзёбӣ мекунанд.
Равшанбек Каримов аз пайвандони ин хонавода иброз намуд, ки дар шароити деҳотҷойҳо онҳо ҳамеша аз хурокҳои дастисохт истеъмол мекунанд. Ҳодисае, ки рӯзи 13 ноябр боиси заҳролудшавии якбора 8 узви оила, ки мунҷар ба ҳалокати ду нафар гардид, ӯву дигар пайвандони онҳоро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мотамзада кардааст.
“Қутии консервае, ки дар дохилаш боимҷон дошт, даҳумин қутие буд, ки маводи дохилаш дар як дег пухта шуда буданд. То ин вақт аз истеъмоли чунин хуриш боре ҳам бемор нашуда будем”, - гуфт Каримов.
Маврид ба зикр аст, ки бар асари ботулизм ё худ истеъмоли ғизои дастсохт дар Тоҷикистон ҳолатҳои фавти одамон мунтазам ба қайд гирифта мешаванд. Қаблан мақомоти тоҷик таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ барои таҳияи бехатари ғизоҳоро таъкид карда буданд, то аз фоҷиаҳо ҷилавгирӣ шавад.