Алиев ба Тоҷикистон меояд

Раисҷумҳури Озарбойҷон эълон кардааст, ки дар соли оянда барои таҳкими равобит ва ҳамкориҳои минбаъда ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон хабар додааст, ки соли оянда ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом хоҳад дод, иттилоъ додааст хабаргузории Report.
Вай гуфт, ки ӯро Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон шахсан даъват кардааст.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев ҳануз дар ҳошияи нишасти 15-уми сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар Ишқобод раисҷумҳури Озарбойҷонро ба Тоҷикистон даъват карда буд.
Он замон Раҳмон аз Илҳом Алиев даъват кард, ки дар вақти барояш мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ояд ва Алиев ин даъватро пазируфта буд.
Ваъдаи раиси парлумони Озарбойҷон ба истифода аз тамоми имконот барои таҳкими ҳамкорӣ
Бояд қайд кард, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 29 майи 1992 барқарор шудаанд.
Дар айни замон, заминаи ҳуқуқии Тоҷикистону Озарбойҷон зиёда аз 55 созишнома ва шартномаро дар бар мегирад, ки муҳимтарини онҳо Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озарбойҷон мебошанд, ки 16 марти соли 2007 имзо шудааст.
Ҳамкорӣ дар соҳаи коммуникатсияи нақлиётӣ, аз ҷумла истифодаи имкониятҳои транзитию нақлиётии Озарбойҷонро метавон ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими муносибатҳои мутақобилаи иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон арзёбӣ кард.